ҷаҳон

ҷаҳон
I
[جهان]
феъли ҳоли замони ҳозираи ҷастан, ҷаҳидан
II
[جهان]
1. дунё, гетӣ, олам, рӯи Замин, кураи Замин
2. киноя аз ҳамаи халқ, тамоми мардум
3. ҷамъият, сохти ҷамъиятӣ; ҷаҳони сармоядорӣ; ҷаҳони ботинӣ олами ботинӣ, замири дил; ҷаҳони бекасӣ танҳоӣ, надоштани ҳамдам; ҷаҳони гузарон дунёи гузаранда; аҳли ҷаҳон мардум, мардуми рӯи Замин; ду ҷаҳон д. ду дунё, ин дунё ва охират; ҷаҳон ба касе танг шудан киноя аз сахт дилтанг шудан, ба худ ҷо ёфта натавонистан; як ҷаҳон хеле бисёр, ниҳоят фузун; ҷаҳон-ҷаҳон як дунё, хеле бисёр; аз ҷаҳон чашм пӯшидан вафот кардан, мурдан; ба ҷаҳон омадан таваллуд ёфтан; машҳури ҷаҳон будан шӯҳрати калон доштан; овораи ду ҷаҳон гардидан овора шудан, саргардон шудан, ба худ ҷо ёфта натавонистан, аз ҷое ронда ва аз ҷои дигар монда будани касе

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Поможем написать реферат

Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»